International Organization for Migration

Дафтари СБМ
дар Тоҷикистон

Драган Алексоски, раҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон

“Тоҷикистон манбаъи шумораи азими муҳоҷирон аст, ки дар хориҷи кишвар кор меҷӯянд. Маблағҳои пулие, ки муҳоҷирони кории тоҷик интиқол медиҳанд, қисми қобили мулоҳизаи ММД-и солонаи кишварро ташкил медиҳад. Дарёфти шаҳрванди тоҷике, ки ягон узви оилааш, дӯсташ ва ё шиносаш дар муҳоҷирати корӣ қарор надорад, осон нест. Муҳоҷират дар суботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва вазъи ҳазорон хонадон нақши муҳимро мебозад.

Сарфи назар аз талошҳои қобили мулоҳизаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти посух ба чолишҳои мудирияти муҳоҷират, муҳоҷирони тоҷик ва аҳли хонадони онҳо ҳанӯзам дар ватан ва дар хориҷ бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ мегарданд.

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ба Ҳукумати Тоҷикистон бо ташвиқи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ тавассути равандҳои амн ва хуб танзимшудаи муҳоҷират ва тавассути ёрии мустақим ба муҳоҷирони баргашта ва маҳаллаҳои аз муҳоҷират таъсирдида дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Ба ҳайси созмони пешсафи байнулмилалӣ дар масоили муҳоҷират, СБМ бо шариконаш дар Ҳукумати Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ва ҷомеаи байнулмилалӣ ҳамкорӣ мекунад, то i) мушкилоти амалии мудирияти муҳоҷират ҳал гардад; ii) масоили муҳоҷират беҳтар дарк гардад; iii) рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ тавассути муҳоҷират ташвиқ шавад; iv) шаъну шарафи инсонии муҳоҷирон ҳимоя гардад ва шароити хуб фароҳам оварда шавад.

СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикис тон аз соли 1993, аз замони ҷанги шаҳрвандӣ, пас аз он ки Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 1992 дар СБМ кишвари нозир гардид, оғоз намуд. Фаъолиятҳои он замон асосан ба расонидани ёрии башардӯстона ба осебдидагони ҷанг, ҳаракат, бозгашт ва маскунияти дубораи фирориён ва гурезаҳои дохилӣ, ва ҳамгироии силоҳбадастони собиқ ба ҷомеа равона гардида буд. Чун 700 000 нафар дар замони ҷанг бесарпаноҳ монда буданд, СБМ дар кишвар нақши муҳиммеро бозид ва Тоҷикистон дархости узвияти комилро дар созмон намуд, ки ин дархост 29-уми ноябри соли 1994 пазируфта шуд.

Сар карда аз ин замон, СБМ фаъолияти худро ба саросари ҷумҳурӣ ва ба шумораи бештари соҳаҳо тавсеа бахшид. СБМ Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки муҳоҷирати инсондӯстона ва танзимшаванда барои муҳоҷирон, ҷомеа ва ҳукуматҳо манфиат меорад.

Ҳамчун қисме аз ҳадафи фаъолияташ, СБМ Тоҷикистон талошҳои зидди савдои одамонро дар кишвар пешсафӣ менамояд ва дар ин самт аз равиши ба қурбонӣ равона кардани таваҷҷуҳи асосӣ кор мегирад. Ҷиҳати ҷилавгирӣ аз истисмор ва помол шудани ҳуқуқ, сатҳи огаҳии аҳолӣ низ доир ба савдои одамон баланд бардошта мешавад. Бастаи комили хидматрасониҳои ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва ҳамгироӣ, махсусан ба муҳоҷирони осебпазир ва қурбониёни истисмор расонида мешавад.

СБМ Тоҷикистон дар масоили марбут ба сиҳҳатии ом, махсусан, дар иртибот ба бемориҳои гузаранда, ба монанди сил ва ВИЧ бо таваҷҷуҳ ба саломатии муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳо фаъолият мебарад. Ин фаъолиятҳо ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбутаи беҳдоштӣ ва диаспораҳо дар Тоҷикистон ва минтақаро фаро мегиранд.

Афзалияти дигари фаъолиятҳои СБМ мусоидат ба нерӯҳои марзбонии кишвар дар талоши тақвияти мудирияти марзбонӣ, корбурди таҷрибаҳои беҳтарин ва қоидаҳо, ва беҳтар гардонидани шароит дар посгоҳҳои марзӣ мебошад. Ин фаъолиятҳо ба хотири мусоидат ба Тоҷикистон дар роҳандозии ҳаракати қонунии мавод ва афрод бо таъмини амният дар марз пеш бурда мешаванд.

Фароҳам овардани имкониятҳои беҳтари корӣ дар маҳалли истиқомат барои шумораи бештари одамон имкон медиҳад, то истодан дар ватан дар канори оилаву фарзандон ва саҳмгузорӣ дар ободии маҳалларо аз сафар ба хориҷа тарҷеҳ бидиҳанд. Фаъолиятҳои СБМ дар самти суботи маҳаллаҳо бо ҳадафи бунёди маҳаллаҳои амнтар ва рушдкардатар рӯидаст гирифта шуда, барои амалӣ гардиданаш соҳибкории хурд дастгирӣ меёбад, зерсохтори маҳаллӣ бунёд мегардад ва давраҳои омӯзишии касбӣ пешниҳод мегарданд. СБМ бо ҷомеаҳои ҳар ду ҷониби марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба хотири афзоиши тиҷорат, эътимод ва ҳамгироии иҷтимоӣ кор мекунад.

Пас аз вуруд ба Созмони Милал дар моҳи сентябри соли 2016, мо мутмаинем, ки СБМ Тоҷикистон метавонад, иқтидори худро ҷиҳати фаъолият барои манфиатҳои муҳоҷирон дар ҳамкории наздик бо шариконаш тақвият бахшад. Барои СБМ Тоҷикистон баҳри мусоидат ба онҳое, ки бо сабабҳои гуногун ба монанди офатҳои табиӣ, тағйири иқлим, мушкилоти иқтисодӣ ва ё тасмими кӯчбандӣ водор ба ҳиҷрат шудаанд, имкониятҳои нав пайдо хоҳанд шуд.

Барои иттилоъи бештар доир ба он ки СБМ дар Тоҷикистон чӣ кор мекунад ва шарикону баҳрагирандагони мо доир ба натиҷаҳои фаъолияти мо чӣ андеша доранд, лутфан, ба саҳифаҳои мо дар YouTube, MixCloud ва Facebook сар бизанед. Агар шумо идеяе, шарҳе ва ё пешниҳоде доред, лутфан, ба мо имейл нависед.” 

 

Самимона,

Драган Алексоски,

Раҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон

International Organization for Migration - Mission in Tajikistan

734013, кучаи Азизбеков 22а, Гузаргоҳи дуюм, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел.: (+992 48) 701 0202, 701 0303, 701 0222
Факс.: (+992 37) 251 0062
Почтаи электрони: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.