Мудири кулли Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ҷаноби Уилям Лейси Свинг
СБМ, ки дар соли 1951 таъсис ёфтааст, созмони пешсафи байниҳукуматӣ дар самти муҳоҷират буда, бо шарикони ҳукуматӣ, байниҳукуматӣ, ва ғайриҳукуматӣ кор мекунад. СБМ, ки 166 кишвари узр, 8 кишвари нозир, ва дар бештар аз 100 кишвари дунё дафтари намояндагӣ дорад, фаъолияти худро ба ташвиқи муҳоҷирати танзимшаванда ва инсондӯстона барои манфиати ҳамагон равона кардааст.
Пас аз даҳсолаҳои ҳамкориҳои наздик ва муфид бо сохторҳои СММ, СБМ дар моҳи сентябри соли 2016 расман ба Созмони Милал пайваст ва ба ҳайси як узви оилаи СММ шинохта шуд.
СБМ ҷиҳати таъмини мудирияти лозимаи муҳоҷират талош мекунад, ҳамкориҳои байнулмилалии вобаста ба муҳоҷиратро ташвиқ ва пеш мебарад, дар ҷустуҷӯи роҳҳалҳои амалии мушкилоти муҳоҷират ёрӣ медиҳад, ва ба муҳоҷирони ниёзманд, чӣ агар фирорӣ бошанд ва ё афроди саргардону бесарпаноҳ, ёрии башардӯстона мерасонад. Конститутсияи СБМ пайванд миёни муҳоҷират ва иқтисод, рушди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ва ҳаққи ҳаракати озодонаи инсонҳоро рӯшан муаррифӣ мекунад.
СБМ дар чаҳор самти васеъи мудирияти муҳоҷират фаъолият мебарад:
Барои иттилоъи бештар доир ба фаъолияти СБМ дар ҷаҳон ба торнамои дафтари асосии СБМ сар бизанед.