International Organization for Migration

Дафтари СБМ
дар Тоҷикистон

Мудирияти марзҳо

Марзи Тоҷикистон бо ҳамсояҳояш, ки Афғонистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Чин мебошанд, 4000 километрро ташкил медиҳад ва бештари ин марз дар манотиқи рустоию кӯҳӣ ҷойгир аст. Бо назардошти муносиботи печидаи баъзе кишварҳои ҳамсоя, вазъи амниятии ноустувор дар манотиқи марзии Афғонистон, ҳамчунин, вуҷуди мушкилоте дар робита ба савдои фаромарзии одамон ва маводи мухаддир Тоҷикистонро зарур аст, ки марзи худро ба андозаи кофӣ мудирият кунад.

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират маъмурияти худро дар заминаи мудирияти марзӣ дар Тоҷикистон соли 2002 оғоз кард ва аз ҳамон замон то ҳол лоиҳаҳои мухталиферо муваффақона амалӣ кардааст. Шарики аслии СБМ дар Тоҷикистон Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон (Қушунҳои сарҳадӣ) мебошанд ва ибтикорҳо дар ин замина аз ҷониби ИМА, Бритониёи Кабир, Норвегия, Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳо дастгирӣ ёфтааст.  

Graduation ceremony for newly examinated border guards outside the IOM built training centre for border guards in Dushanbe.

Маросими хатми омӯзиш дар маркази нави таълимӣ барои марзбонон дар шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби СБМ бунёд шудааст

Бо ёдоварӣ аз дастовардҳои лоиҳаҳои марбут ба мудирияти марзӣ метавон аз такмили зерсохтории Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва бунгоҳҳои марзбонии воқеъ дар фурудгоҳ ном бурд.  Ҳамчунин, СБМ ба Ҳукумати Тоҷикистон дар самти беҳтар кардани низоми раводид ва сифату тарҳи санадҳои сафар мусоидат кард. СБМ бо ироаи таҷҳизоти  ҷадиду муосири фанновариҳои навин ва абзорҳои ҳуҷҷатсанҷ дар тақвияти тавоноии фаннии ҳамаи бунгоҳҳои бозрасии марзии Тоҷикистон дар сарҳад бо Афғонистон мусоидат кард. 

Самти дигари таваҷҷуҳ дар ин замина ташаббусҳои мухталифе бо ҳадафи таҳкими ҳамкориҳо миёни нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Афғонистон аст. Бо кумаки СБМ, созишномаи муҳиме дар бораи тасҳили рафтуомади афғонистониёни муқими манотиқи марзӣ барои дастрасӣ ба табобат дар Тоҷикистон ва Ёддошти тафоҳум миёни марзбонони ду кишвар ба имзо расида, Равандҳои амалии меъёрӣ нав гардонида шуд, ки гомҳои муҳиме дар тақвияти ҳамкориҳои марзии Тоҷикистону Афғонистон маҳсуб мегарданд.

Омӯзиши марзбонон  

СБМ Тоҷикистон таҷрибаи ғании ёрӣ ба Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро дар заминаи омӯзиши марзбонон дорад. Марказҳои омӯзиши марзбонон дар Душанбе, Хоруғ ва Панҷ, ки феълан, барои омӯзиши марзбонони  нав истифода мешаванд, аз ҷониби СБМ бунёд ва бо назардошти ҳамаи ниёзҳо, аз ҷумла, синфхонаҳои омӯзишӣ, утоқҳои IT, китобхона ва толорҳои хоб тарҳрезӣ шудаанд. 

Аз соли 2006 ба ин сӯ, СБМ сатҳи омодагии мардону занони марзбони тоҷикро баланд мебардорад. СБМ барномаи омӯзишии “Марз ва назорати муҳоҷират”-ро иборат аз шаш дастур таҳия кард, ки дар давраҳои омӯзишии семоҳа барои марзбонони нав аз он истифода мешавад. Дар соли 2009 СБМ бо назардошти он ки мудирияти марзии самаранок бо густариши дастгирӣ ва ҳамкории фаромарзӣ ба вуҷуд меояд, лоиҳаеро ҷиҳати таъмини омӯзиши муштараки масъулини сохторҳои марзбонии Тоҷикистону Афғонистон оғоз намуд. Ҳамчунин, сар аз соли 2015 аз шеваи омӯзиши фаромарзие барои занони марзбони тоҷику афғон кор гирифта мешавад, ки барояшон фазои арзишмандеро ҷиҳати баррасии чолишҳои муштарак ва роҳҳои бартараф кардани онҳоро ба вуҷуд овардааст.

 A group of 20 female border guards from Afghanistan and Tajikistan are participating in practical lessons as a part of a 10-day training course in Dushanbe on Border and Immigration Control.

Дарсҳои амалӣ барои гуруҳи 20-нафараи марзбонони зан аз Афғонистон ва Тоҷикистон дар давраи омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе 

Барномаи вижаи омӯзишӣ дар мавзӯъи “Мудирияти башардӯстонаи марз” барои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон низ таҳия гардид, ки вориди бастаи омӯзишии нерӯҳои марзбонӣ шуда, алъон зимни омӯзишҳои миллию байналмилалӣ аз он васеъ истифода мешавад. Феълан, мавзӯъи гендер дар нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷуҳ буда, таҳияи барномаи дигари омӯзишии махсус барои занони марзбони тоҷику афғон натиҷаи он мебошад. Ин барнома аз мавзӯъҳои вобаста ба гендер ва омодасозии маводи ташвиқотии мунъакисгари муҳиммияти ҷойгоҳи зан дар сафи нерӯҳои марзбонӣ иборат аст.

International Organization for Migration - Mission in Tajikistan

734013, кучаи Азизбеков 22а, Гузаргоҳи дуюм, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел.: (+992 48) 701 0202, 701 0303, 701 0222
Факс.: (+992 37) 251 0062
Почтаи электрони: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.