Вокуниши изтирорӣ
Тоҷикистон як кишвари кӯҳӣ буда, дар баробари офатҳои табиие чун зилзила, ярч, обхезӣ ва тарма осебпазир мебошад. Бо сабаби ҷойгиршавии ҷуғрофиёӣ, омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ чолишпазир мебошад ва офатҳои табиӣ зуд-зуд ба манотиқи баланди кӯҳӣ ва рустоҳои дурдаст зарар мерасонанд. Офатҳои табиӣ ба маҳаллаҳо таъсири харобовар мерасонанд: Ҷони инсонҳоро мерабоянд, манзилҳо ва зерсохторҳоро тахриб мекунанд, ва зиндагиро мушкил месозанд.
СБМ бо барномаҳои ёрирасони башардӯстонаи худ ба Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ омад. Интиқол ва ёрӣ дар ҳамгироии муҷаддади оворагони дохилӣ, фирориён, ва ҷангиёни собиқ ба ҳаёти маъмулӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ дар он замон буд. СБМ дар Тоҷикистон дар ин самт дар соли 2001 низ, пас аз сар задани буҳрони паноҳандаҳои афғон дар ҷануби Тоҷикистон ба дунболи шикасти ҳукумати Толибон фаъол буд.
Имрӯз, фаъолияти СБМ дар самти омодагӣ ва вокуниши изтирорӣ ба тақвияти тавоноӣ, ҳамоҳангӣ ва расонидани ёрӣ равона гардидааст. СБМ барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ (КҲФ) дар шаҳри Душанбе Маркази амалиёти изтирориро бо ҳадафи тақвияти фаъолсозии механизмҳои ҳамоҳангии вокуниш ба офатҳои табиӣ бунёд кардааст.
Ҳамчунин, СБМ дар ҳамраисӣ бо КҲФ масъули бахши Ҳамоҳангӣ ва мудирияти паноҳгоҳ (CCCM) дар Тоҷикистон мебошад. Дар ин замина, СБМ масъули ҳамоҳангии барномарезӣ ва вокуниши CCCM дар кишвар мебошад. Дар ҳолатҳои изтирорӣ СБМ маъмуриятҳои техникӣ ва масоили дигари марбут ба паноҳгоҳҳо барои мардуми бесарпаноҳро ҳамоҳанг мекунад.
Ҳангоми зилзилаҳои қаблӣ дар Тоҷикистон, СБМ, ҳамчунин, масъулиятҳои дарёфти паногоҳ, кумак ҷиҳати фароҳам овардани шароити зимистонгузаронӣ барои мардуми офатзада, ва муҷаҳҳазгардонии паноҳгоҳҳоро ба зимма дошт.
Пойдорсозии маҳаллаҳо
Фаъолияти СБМ дар самти пойдорсозии маҳаллаҳо бо шеваҳои мухталиф ба таҳкими ягонагӣ ва бунёди субот дар маҳаллаҳое равона шудааст, ки зери асароти манфии сатҳи баланди бозгашти муҳоҷирон, ҷиноятҳои фаромарзӣ ва офатҳои табиӣ қарор гирифтаанд. Тоҷикистон дар давраи гузаришии пасошӯравӣ ва баъд аз низоъ қарор гирифта буд, ки боиси норизоиятҳо дар ҷомеа ва нокомиҳои иқтисодӣ, ки таъсираш ҳанӯзам дида мешавад, гардида буд.
Ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар, бахусус Федератсияи Русия мераванд. Набуди имкониятҳои корӣ, махсусан, дар деҳот, мардуми бисёре, аксаран мардонро водор мекунад, то барои рӯзгузаронӣ ба берун сафар кунанд. Набудани мардон дар деҳот ба бофти иҷтимоии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расонд ва бозгашти муҳоҷирони корие, ки вурудашон ба Русия мамнӯъ шуд, ин падидаро мураккабтар гардонид. Раванди мамнӯъ-ул-вуруд шудани муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ ба Русия аз соли 2013 ба ин сӯ идома дорад. Бозори кори Тоҷикистон наметавонад теъдоди зиёди муҳоҷиронеро, ки ба ҷомеаи аллакай гирифтори мушкил бармегарданд, фаро бигирад.
Навоҳии сарҳадӣ дар марз бо Афғонистон аз бозгашти муҳоҷирони ихроҷшуда бештар зарар дида, ҳамчунин, вазъи ноустувори Афғонистон низ ба ин минтақаҳо таъсир мерасонад. Ин мушкилот, аз ҷумла, аз қочоқи маводи мухаддир ва хушунати вобаста ба он, одамрабоӣ ва дигар ҷиноёти фаромарзӣ иборат аст. Ин вазъ ба муносиботи фаромарзӣ ва якдилии маҳаллаҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Манбаъи даромад ва зиндагӣ
Эҷоди воситаҳои алтернативии дарёфти манбаъи даромад ва рӯзгор бахши муҳимми фаъолият ва таваҷҷуҳи СБМ дар самти пойдорсозии маҳаллаҳо дар Тоҷикистон мебошад. Ин фаъолиятҳо бо ҳадафи ҳамгироии дубораи муҳоҷирони бозгаштае, ки ихроҷ шудаанд, фароҳамории имкониятҳо барои ҷавонон ва ёрӣ ба оилаҳои танҳои муҳоҷироне, ки саробонашон зан аст, роҳандозӣ гардидааст.
СБМ барои сокинони навоҳии наздимарзии вилоятҳои Хатлону ВМКБ бурсияҳои соҳибкорӣ ҷудо менамояд. Бисёре аз идеяҳои тиҷоратие, ки аз ҷониби СБМ пуштибонӣ меёбанд, ба тиҷорати фаромарзӣ марбут буда, боиси таҳрики тиҷорат ва барқарории равобит миёни ҷомеаҳои Тоҷикистону Афғонистон мешаванд ва ҳамчунин, зуҳуротеро, чун қочоқи мавод аз байн мебаранд. Тиҷоратҳои роиҷе, ки барои пиёда кардани он СБМ мусоидат кардааст, аз ин навъҳо иборатанд: Чорводорӣ, коргоҳҳои хайётӣ, қолибофӣ, консервонидани ғизо, занбӯрпарварӣ, дуредгарӣ, кафшергарӣ, ҳамлу нақли бор ва таъмири мошин. Аз соли 2015 инҷониб СБМ барои оғози 210 тиҷорат бурсия ихтисос додааст.
СБМ дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзиши бузургсолони Тоҷикистон (ниҳоди зертобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ) барои беш аз 800 нафар давраҳои омӯзиши касб баргузор кардааст. Ширкатдорони ин давраҳои омӯзишӣ умдатан муҳоҷирон, ҷавонон ва занони танҳои сарвари оила буданд. Хатмкунандагони давраҳои омӯзишӣ гувоҳномаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дарёфт карданд. Ин давраҳои омӯзишӣ сатҳи истихдоми аъзои осебпазири ҷомеаро боло бурд. Муаррифии донишҳои нав ба ҷомеаи гирифтори чолишҳои гуногун таъсири мусбат мерасонад ва ҷомеаро пойдортар месозад. Давраҳои омӯзишӣ аз омӯзиши касбҳои моҳипарварӣ, нассоҷӣ, фанновариҳои навин, кафшергарӣ, занбӯрпарварӣ, нонпазӣ ва ҳисобдорӣ иборат буд.
Дар чаҳорчӯбаи ин барномаҳо, СБМ ба сокинони минтақаҳои дурдасти Афғонистон дар марз бо Тоҷикистон бо истифода аз коршиносони тоҷик дуредгарӣ, ҳунарҳои дастӣ, нонпазӣ, ва кафшергариро меомӯзонад. СБМ барои ҳамкориҳои бештари фаромарзӣ дар ростои дарёфти манбаъи даромад донишҷӯёни афғонро аз минтақаҳои марзӣ ба коллеҷҳои Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши электрикиву сантехникӣ меорад.
Зерсохтори ҷамъиятӣ
Сар аз соли 2015, СБМ 21 лоиҳаи марбут ба зерсохторҳои ҷамъиятиро дар Бадахшону Хатлон татбиқ кард. Ин зерсохторҳо ба беш аз 20 000 нафар хидмат мерасонанд. Лоиҳаҳои зерсохторҳои иҷтимоӣ ба беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар маҳаллаҳои осебпазирии наздимарзӣ мусоидат мекунанд ва ҳамчунин, чун манбаъи муҳими истихдом хидмат менамоянд.
Тасмими он ки кадом навъи зерсохтор бояд бунёд гардад, аз ҷониби худи мардуми маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои маҳаллии давлатӣ ва СБМ гирифта мешавад. То имрӯз, СБМ ин зерсохторҳоро таҷдид ва ё бунёд кардааст: Бозорҳо, анборҳои сарди захирасозӣ, системаҳои таъмини барқ, мактабҳо, каналҳои обёрӣ, системаҳои таъмини оби нӯшокӣ, бунгоҳҳои ёрии аввал, ҳоҷатхонаҳо ва мустаҳкам гардонидани соҳилҳо.
Иттиҳоди ҷомеа ва ҳамкориҳои фаромарзӣ
СБМ бо таҳкими манобеи даромади фаромарзӣ, муколама миёни ҷомеаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистонро роҳандозӣ кардааст. Ин натиҷа бо мубодилаи гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сарварони маҳаллаҳо ҷиҳати баррасии масоили мураккаб ва дарёфти роҳҳалҳои муштарак барои рафъи мушкилоти ҳаёт дар марз ба даст омад.
Дар мубодилаҳои фарҳангии фаромарзӣ бо иштироки санъаткорони тоҷику афғон беш аз 600 нафар ширкат кардаанд. СБМ бо бунёди 16 майдони волейболбозӣ дар рустоҳои дастнораси марзии Афғонистон, ки мизбони мусобиқоти фаромарзӣ низ буданд, мубодилоти варзиширо низ роҳандозӣ кардааст. Ин рӯйдодҳо барои эҷоди эътимод ва муносиботи созандаи ҳарду тараф муҳиманд.
Қолибофони тоҷику афғон
Бозии волейбол миёни ҷавонони тоҷику афғон дар майдони варзишие, ки СБМ бунёд кардааст