International Organization for Migration

Дафтари СБМ
дар Тоҷикистон

Муқовимат ба савдои одамон 

Муқовимат ба савдои одамон бахши муҳимми вазифаи СБМ дар ҷаҳон ва ҳамчунин, дар Тоҷикистон мебошад. СБМ ба Ҳукумати Тоҷикистон дар таҳияи механизмҳои нави ҳуқуқӣ ва беҳтар кардани қонунгузориҳои марбута мусоидат мекунад, то расонидани ёрӣ ба қурбониёни савдои одамон ва ҷазо додани одамфурӯшон осонтар гардад. Ёриҳои СБМ, ҳамчунин, аз баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ, махсусан, қишрҳои осебпазири ҷомеа доир ба ҳуқуқашон ва  хатарҳои савдои одамон иборат аст.

Тақрибан як миллион шаҳрванди Тоҷикистон, то ки оилаҳояшонро нигоҳубин намоянд, дар хориҷа кору зиндагӣ мекунанд. Ин муҳоҷирони кории тоҷик, ки баъзан забон ва қонунгузории кишвари мизбон ва ҳуқуқи худашонро ба қадри кофӣ намедонанд, ба хатари истисмори корӣ рӯбарӯ мегарданд. Иловатан, дар дохили худи кишвар, занони осебпазир, махсусан, аз оилаҳои муҳоҷирони корӣ метавонанд ба доми фиреби одамфурӯшон гирифтор шуда, дар хориҷи кишвар ё шаҳрҳои дохилӣ бо ҳадафи истисмори шаҳвонӣ ва ё ҳамчун ғуломи хонагӣ истифода шаванд. 

Through series of theatrical performances IOM Tajikistan teaches audience about the threat of human trafficking by showing real problems and the current forms of trafficking in persons, as well as how to keep themselves and their families safe from traffickers. Qurghonteppa, 20 May 2016. Photo by Abdulfattoh Shafiev

Намоишномаҳои театрӣ дар мавзӯъи савдои одамон. Шаҳри Қурғонтеппа, 20-уми майи соли 2016. Аксбардор: Абдулфаттоҳ Шафиев

Агар возеҳтар бигӯем, бино бар гузориши солонаи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба савдои саросарии одамон дар соли 2016, шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва ба миқдори камтар дар ҷумҳуриҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ба корҳои кишоварзӣ ва сохтмон маҷбур мекунанд. Занону кӯдакони тоҷикистониро дар Имороти Муттаҳидаи Араб ва Русия ва ҳамчунин, дар Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Афғонистон, ва дар дохили худи кишвар мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор медиҳанд. Баъзе ҳодисаҳои фурӯши калонсолон низ, мутаассифона, мушоҳида шудааст.

Аз соли 2003 ба ин сӯ, СБМ Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон 13 лоиҳаи миллӣ ва 5 лоиҳаи минтақавӣ амалӣ кардааст. Донорҳои анъанавии СБМ дар самти муқовимат ба савдои одамон дар Тоҷикистон USAID, INL (Дафтари фаъолиятҳои байнулмилалӣ дар самти маводи мухаддир ва иҷрои қонунҳои Ҳукумати ИМА) ва Вазорати корҳои хориҷии Норвегия мебошанд. Дар давоми ин ҳама солҳои фаъолият СБМ Тоҷикистон тақрибан ба 700 қурбонии савдои одамон ёрӣ додааст. Ин ёриҳо аз мусоидат дар бозгашти ихтиёрӣ ва амн ба ватан, зисти муваққатӣ дар паноҳгоҳ, кумакҳои ҳуқуқӣ, равонӣ, ва тиббӣ, давраҳои омӯзишӣ ва оғози тиҷорати хурд иборат мебошанд.

IOM Tajikistan in cooperation with the Ministry of Labour, Migration, and Employment of Population of the Republic of Tajikistan organizes job fairs for returnee migrants and vulnerable groups of society. Bokhtar district, 11 May 2017

Ярмаркаи ҷойҳои холии кор барои муҳоҷирони бозгашта ва қишрҳои осебпазири ҷомеа. Ноҳияи Бохтар, 11-уми майи соли 2017

Ҷиҳати эҷоди фазои амни зиндагӣ барои баъзе аз қурбониёни савдои одамон СБМ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд паноҳгоҳҳои вижа сохтааст. Илова ба имконии зист дар шароити хуби зиндагӣ, қурбониёни савдои одамон аз ёриҳои коршиносонаи ҳуқуқӣ, тиббӣ ва равонӣ баҳра мебаранд. Дар соли 2013 идораи умури ин паноҳгоҳҳо ба созмонҳои иҷтимоии ҳамкори маҳаллӣ – “Фемида” дар Душанбе ва “Зан ва ҷомеа” дар Хуҷанд вогузошта шуд.

IOM Tajikistan organized a two-day training on “Human Trafficking, Labour Migrants’ Rights, Migration Threats” for journalists. Dushanbe, 11 July 2016. Photo by Abdulfattoh Shafiev

Давраи омӯзишӣ барои журналистон. Душанбе, 11-уми июли соли 2016. Аксбардор: Абдулфаттоҳ Шафиев

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон” бо ёрии фаннии СБМ таҳия гардида, дар соли 2014 қабул шуд, ки дастоварди муҳимме дониста мешавад. Қабл аз он, қадами муҳимми дигар дар самти муқовимат ба савдои одамон бо таъсиси Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон гузошта шуда буд. Баъдан, Ҳукумати Тоҷикистон Механизми бозравонии миллиро қабул кард, ки дар самти муайянсозии қурбониёни савдои одамон ва расонидани ёрии лозима ба онҳо санади муҳимме маҳсуб мегардад. Ин механизм масъулияту уҳдадориҳои ниҳодҳои гуногуни давлатиро дар самти ҳимояи қурбониёни савдои одамон муайян месозад. Ин санад гувоҳи масъулиятпазирии ҳукумат дар муқовимати мудавом ба савдои одамон мебошад.

Employees of Tajikistan embassies and consulates abroad participate at the training on combatting human trafficking. Dushanbe, 01 June 2016. Photo by Abdulfattoh Shafiev

Давраи омӯзишӣ барои кормандони консулгариву сафоратҳои Тоҷикистон. Душанбе, 1-уми июни соли 2016. Аксбардор: Абдулфаттоҳ Шафиев

Ҳамчунин, фаъолияти шарикони СБМ Тоҷикистон аз миёни созмонҳои иҷтимоӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон муҳим аст. То ки фаъолиятҳояшон муассиртар бошад, баъзе аз ин созмонҳои иҷтимоӣ дар зери чатри як шабакаи зидди траффик гирд омадаанд. Ин шабакаи созмонҳои иҷтимоӣ арзиши баланд дорад, чун ҳамкориву ҳузури бевоситаашон дар ҷамъият дастрасӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ доир ба хатари савдои одамон, ҳамчунин, муайян кардани қурбониён ва ироаи ёрии мустақим ба онҳоро осон мегардонад.

The International Organization for Migration represented by Mr Dragan Aleksoski, IOM Tajikistan Chief of Mission, (left) and the Tajikistan Network of Non-Governmental Organizations “Umed” represented by Ms. Sanoat Solieva, NGO “Femida” founder, (right) signed a memorandum on cooperation to protect migrants’ rights and counter human trafficking. Dushanbe, 21 December 2016. Photo by Abdulfattoh Shafiev

Драган Алексоскӣ, раҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон (аз чап) ва Саноат Солиева, раҳбари шабакаи созмонҳои иҷтимоии зидди савдои одамон мавсум ба “Умед” ва мудири созмони иҷтимоии “Фемида” (аз рост) санади ҳамкориро имзо мекунанд. Душанбе, 21-уми декабри соли 2016. Аксбардор: Абдулфаттоҳ Шафиев

Мутаассифона, савдои одамон мушкили ҷиддии ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар ҳамкории наздик бо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, донорҳо, Ҳукумати Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи дигар, СБМ Тоҷикистон фаъолияти худро дар ин самт идома медиҳад, то дар наҷоти қурбониён аз ин чоҳ саҳми худро бигзорад.

International Organization for Migration - Mission in Tajikistan

734013, кучаи Азизбеков 22а, Гузаргоҳи дуюм, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел.: (+992 48) 701 0202, 701 0303, 701 0222
Факс.: (+992 37) 251 0062
Почтаи электрони: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.