International Organization for Migration

Дафтари СБМ
дар Тоҷикистон

Муҳоҷирати корӣ

Бештар аз ду даҳа аст, ки шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Аксарияти кулли муҳоҷирони кории тоҷик дар Федератсияи Русия кор ва зиндагӣ мекунанд. Муҳоҷират, ба ҳайси як падидаи иҷтимоӣ, на танҳо ба ҳаёти муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳо, ки аз ҳисоби фарзанд ё шавҳари муҳоҷирашон рӯз мегузаронанд, таъсири чашмрас мерасонад, балки ба тамоми ҷомеа ва иқтисоди кишвар низ асар мегузорад.

Қаблан, шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷа ба даҳяки аҳолӣ наздик шуда буд, вале ҳодисаҳои ахир бозгӯ аз коҳиши шумораи шаҳрвандонест, ки кишварро ба хотири кор тарк мегӯянд. Буҳрони иқтисодӣ дар Русия ва ташдиди қонунгузориҳои марбут ба муҳоҷират дар кишвари мизбон шумораи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия аз 800 000 дар соли 2013 то ба 520 000 дар соли 2016 кам кард. Дар ҳамин ҳол, шумораи шаҳрвандони тоҷик, ки вуруд барояшон ба Русия бо сабабҳои гуногун  мамнӯъ мешавад, афзоиш меёбад. Дар охири соли 2016 ин рақам тақрибан 260 000 нафарро ташкил медод, ки онҳоро барои аз се то панҷ сол аз вуруд ба Русия манъ кардаанд.

СБМ Тоҷикистон бино бар вазифааш ва дар мутобиқат бо афзалиятҳои миллии Тоҷикистону уҳдадориҳои байнулмилалияш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими масоили муҳоҷирати корӣ, аз ҷумла, тарҳрезии сиёсат, тақвияти тавоноӣ, пажӯҳишҳо ва иқдомҳои дигари марбут ба баланд бардоштани сатҳи манфиат аз муҳоҷират мусоидат менамояд.

Дар панҷ соли ахир, СБМ Тоҷикистон як силсила лоиҳаҳоро бо ҳадафи посух ба чолишҳои муҳоҷирати номуназзам ва ҳамчунин, ба хотири ёрӣ ба муҳоҷирони корӣ ва аҳли хонадони онҳо дар ҳалли ҷанбаъҳои манфии муҳоҷират роҳандозӣ кардааст.

Муҳоҷират ва диаспораҳои тоҷик

СБМ талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи ҷалби диаспораҳои тоҷики муқими Русия ба рушди кишварро пуштибонӣ менамояд. Дар таҳияи Муҳтаво ва Нақшаи фаъолият доир ба ҷалби диаспораҳои тоҷик ба рушди Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 ёрии фаннӣ расонида шуд. Ин ёриҳо дар шакли фароҳам овардани имкони табодули таҷриба бо минтақаҳои дигар, баргузории давраҳои омӯзишӣ доир ба ҷалби амалии диаспораҳо ба равандҳои рушд, муайянсозии диаспораҳои тоҷик ва фаъолиятҳои дигари марбут ба бунёди муносиботи наздик миёни ҳукумат ва диаспораҳо расонида шудааст.

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огаҳии шаҳрвандони тоҷик доир ба муҳоҷирати амн, СБМ иқдомҳои азими маърифатӣ ва машваратҳои сайёр доир ба паҳлуҳои гуногуни муҳоҷират баргузор менамояд, ки то ҳол бештар аз 100 000 нафар, ки 30 дарсадашон занонанд, бо ин маъракаҳо фаро гирифта шудаанд. Иловатан, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ, ки бо ёрии СБМ таҳия мегарданд, ба бештар аз ду миллион нафар доир ба ҷанбаъҳои ҳуқуқии муҳоҷират маълумот медиҳанд.

Муҳоҷират ва оилаҳои танҳо

Занону кӯдаконе, ки аз ҷониби сарвари муҳоҷиршудаи хона танҳо гузошта шудаанд, дар муқоиса бо оилаҳои дигар осебпазиртаранд. Барои беҳтар гардонидани вазъ таваҷҷуҳ ба таъсироти манфии иҷтимоии муҳоҷирати корӣ муҳим аст. Аз ин рӯ, тавонмандсозии занони танҳомонда ва тақвияти хидматрасониҳои ҳимоятӣ аз ин занону кӯдакони онҳо муҳим мебошад. СБМ ба ин оилаҳо ёриҳои ҳуқуқӣ ва равонии ройгон расонидааст.

Ахиран, СБМ ба оқибатҳои манфии муҳоҷират ба сатҳи таълиму донишандӯзии кӯдакони муҳоҷирон низ таваҷҷуҳи худро равона кардааст. Ин талошҳо бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огаҳии шарикони ҳукумативу ғайриҳукуматӣ ва ҷомеа доир ба хатарҳои дур мондани фарзандони муҳоҷирон аз таҳсил рӯидаст гирифта шуданд. Ин масъала тавассути давраҳои омӯзишӣ ва мизи гирдҳо, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ, ва баргаҳои иттилоотӣ баррасӣ мешавад.

International Organization for Migration - Mission in Tajikistan

734013, кучаи Азизбеков 22а, Гузаргоҳи дуюм, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел.: (+992 48) 701 0202, 701 0303, 701 0222
Факс.: (+992 37) 251 0062
Почтаи электрони: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.