International Organization for Migration

Дафтари СБМ
дар Тоҷикистон

Муҳоҷират ва тандурустӣ

Фаъолияти СБМ Тоҷикистон дар самти муҳоҷират ва тандурустӣ ба панҷ вазифаи стратегии бо ҳам пайванд таваҷҷуҳ мекунад, то риояи ҳаққи муҳоҷирон ба саломатӣ дар тамоми давраи муҳоҷират таъмин гардад. Ин вазифаҳо чунинанд: Пешбурд ва таблиғ, таҳияи сиёсати тандурустӣ, расонидани хидматрасониҳои тиббӣ, тақвияти тавоноӣ, ва пажӯҳишу рушд. СБМ ҳадаф дорад, то сиёсатҳо ва барномаҳову хадамоти ҷилавгириву табобатиеро дастгирӣ намояд, ки барои муҳоҷирони осебпазир ва аҳолии кӯчбаста манфиатбору қобили пазириш бошад ва ба талаботи вижаи ҳукумати Тоҷикистон посух бигӯяд.

Public awareness-raising event dedicated to World TB Day in the Khatlon region.

Чорабинии иттилоотӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди сил дар вилояти Хатлон

Дар даҳсолаи гузашта СБМ Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногуни марбут ба тандурустии муҳоҷиронро амалӣ кардааст. Бахши аъзами фаъолият дар ин самт ба тақвияти тавоноии мутахассисони муассисаҳои тандурустиву муҳоҷират ва созмонҳои иҷтимоӣ равона шуда буд. Ҳадаф аз ин фаъолиятҳо пешбурд ва таблиғи рафтори аз нигоҳи тиббӣ солим дар миёни муҳоҷирон, таҳияи маводи иттилоотӣ, ва тақвияти корбурд аз равиши чандсоҳаӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз инфексияҳои тариқи шаҳвонӣ гузаранда, ВИЧ ва сил мебошад. Дар ҳамкорӣ бо пажӯҳишгоҳҳои миллӣ ва хориҷӣ як тадқиқот дар мавзӯъи дониш, муносибат ва таҷрибаҳои муҳоҷирон дар иртибот ба ин маризиҳо низ гузаронида шуда буд.

СБМ ҳаққи муҳоҷирон ба табобати қобили қабул ва дастрасии онҳо ба хидматрасониҳои тиббиро таблиғ менамояд. Ин талошҳо ҳам барои муҳоҷирони хориҷие, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, ва ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, рӯидаст гирифта шудаанд. Равишҳои наве ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф, ки аввалин бор аз онҳо СБМ Тоҷикистон кор гирифтааст, ба барномаҳои давлатии тандурустӣ роҳ ёфтаанд.

Tajik diaspora discussing with Tajik health authorities in a workshop held in Dushanbe on TB prevention among migrants.

Пешгирӣ аз бемории сил дар миёни муҳоҷирон - мавзӯъи суҳбати диаспораи тоҷик бо мақомоти тандурустии Тоҷикистон

СБМ дар сатҳи маҳаллаҳо дар Тоҷикистон кори зиёде ба сомон расонидааст ва бо назардошти ин таҷриба, СБМ ба таҳияи стратегияҳои минтақавӣ доир ба ҳамкориҳои фаромарзӣ барои беҳдошти саломатии муҳоҷирон низ ҷалб шудааст. Дар ин чаҳорчӯба, СБМ дар фаъолияти гуруҳи кории техникии таҳияи созишнома доир ба назорат ва табобати фаромарзии сил дар миёни муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон саҳми худро гузоштааст. Фаъолиятҳои минтақавии мо, ҳамчунин, пешбурди сиёсатҳову ҳамкориҳои фаромарзиро миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Тоҷикистону Русия, ки мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст, фаро мегирад. 

A national health expert conducts a training session on tuberculosis infection control for community leaders in Kulob.

Таълими назорати бемории сил ба фаъолони маҳаллаҳо дар шаҳри Кӯлоб

Феълан, қисмати аъзами фаъолиятҳои СБМ Тоҷикистон дар самти тандурустӣ ба беҳтар гардонидани дастрасии муҳоҷирон ба ташхиси сил ва табобати он равона шудааст. Бар пояи натиҷаҳои баҳогузории вазъ доир ба дастрасии муҳоҷирон ба хадамоти марбут ба сил ва ВИЧ, барои посух ба мушкилоти вуҷуддошта як қатор иқдомҳо амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар миёни муҳоҷирон дар чаҳор ноҳияи ҳадафии вилояти Хатлон (Балҷувон, Данғара, Фархор, Темурмалик) корҳо гузаронида шуд, муколама миёни вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистону Русия ҷиҳати назорати фаромарзии сил роҳандозӣ гардид, ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон тақвият дода шуд. Таҳияи маводи иттилоотӣ доир ба сил як намунаи талошҳои муштараки байнулмилалӣ ба нафъи муҳоҷирон ва ҷомеаҳои мизбони онҳо мебошад.

International Organization for Migration - Mission in Tajikistan

734013, кучаи Азизбеков 22а, Гузаргоҳи дуюм, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел.: (+992 48) 701 0202, 701 0303, 701 0222
Факс.: (+992 37) 251 0062
Почтаи электрони: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.