International Organization for Migration

Дафтари СБМ
дар Тоҷикистон

Маскунсозии муҷаддад

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират бо ҳадафи ёрӣ ба одамон барои бозгашт ба шаҳрҳояшон ва кишварҳояшон пас аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст. Яке аз вазифаҳои решаии СБМ маскунсозии муҷадад ва интиқоли одамон аз сарҳадҳо мебошад. СБМ дар фаъолиятҳояш дар Тоҷикистон низ ин вазифаро иҷро кардааст.

IOM IDP convoy travelling from Khorog to Dushanbe in 1995 during the civil war. Корвони СБМ ҳомили фирориёни дохилии ҷанги шаҳрвандӣ дар роҳ аз Хоруғ ба Душанбе, соли 1995

Дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ва пас аз он, СБМ Тоҷикистон ба Ҳукумати Тоҷикистон дар бозгардонии бештар аз 85 000 гурезаи тоҷик аз Афғонистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя кумак кард ва ҳамчунин, бозгашти 65 000 гурезаи дохилиро ба маҳаллаҳояшон роҳбаладӣ намуд. Иловатан, дар ҳамкорӣ бо Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR), СБМ ба бозгашти бештар аз 15 000 шаҳрванди Афғонистон аз Тоҷикистон ба ватанашон мусоидат намуда, зиёда аз 6 000 фирории афғонро ба кишварҳои савум, ба монанди Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ва кишварҳои аврупоӣ интиқол дода, маскун намуд.

Сар аз соли 2013, аксарияти онҳое, ки аз кумаки маскунсозии СБМ баҳравар гардиданд, ба Канада кӯч бастанд. Қабл аз сафар ба хонаи навашон дар Канада ва оғози зиндагии нав, СБМ барои онҳо давраҳои омӯзишии серӯзаи ошноӣ бо фарҳанг ва қоидаҳои зист дар макони нав баргузор менамояд. Ин давраҳои омӯзишӣ мавзӯъҳои дастрасӣ ба таҳсил, кор, ва фарҳанги мардуми маҳаллиро фаро гирифта, ҳадаф доранд, то муҳоҷирон осонтар ва роҳаттар ва зудтар ба зиндагии нав мутобиқ гарданд.

International Organization for Migration - Mission in Tajikistan

734013, кучаи Азизбеков 22а, Гузаргоҳи дуюм, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел.: (+992 48) 701 0202, 701 0303, 701 0222
Факс.: (+992 37) 251 0062
Почтаи электрони: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.