International Organization for Migration

Дафтари СБМ
дар Тоҷикистон

“Панҷ ситораи” Баҳром дар Дарвоз

Дар пешорӯи Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ доир ба як тиҷорати муваффақи сайёҳӣ дар дили кӯҳҳои Тоҷикистон мегӯем.

Баҳром Сангаков 43 сол ва се писар дорад. Дар ҷавонӣ аз тасодуфе маъюб гардида ва ҳоло ҳангоми роҳ гаштан мушкил дорад. Маҳз ин мушкил буд, ки натавонист мисли ҳама ҷавонони дигари кӯҳистон ба Русия ё ақаллан Душанбе барои кор равад. Аммо ризқи инсонро Худо андаруни санг низ медиҳад.

Баҳром дар даромади маркази ноҳияи Дарвоз, дар Қалъаихумб, болои дарё, хона дорад ва хонаи худро ба меҳмонони зиёде ба иҷора медиҳад. Мепурсамаш, ки чӣ гуна ба тиҷорати меҳмонсаро оғоз кард, мегӯяд, аввал ҳар меҳмонеро ройгон бо дилу ҷон ҷойи хоб медод ва худи меҳмонҳо барояш пул пешниҳод мекарданд.

Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират бо ёрии молии Ҳукумати Бритониёи Кабир ба Баҳром дар тaвсеаи меҳмонсарояш ёрӣ расонид. Ҳоло дар шаш ҳуҷра 17 кат ҳар шаб пур аз меҳмони дохиливу хориҷист, ки дар роҳ аз Душанбе ба Хоруғ ва ё баръакс он ҷо зери навои форами дарё ва насими тозаи кӯҳистонӣ шабро сипарӣ мекунанд.

Баҳром мегӯяд: “Ташаккур ба СБМ, ки ба ман катҳои хуби замонавӣ дод ва акнун метавонам ба меҳмонҳо хидмати беҳтар расонам.  Муштариёни зиёде дорам, ки ҳатто қабл аз вурудашон ба Тоҷикистон занг мезананд ва ҳуҷраҳоро банд мекунанду, ғизои дилхоҳашонро фармоиш медиҳанд”. 

Бо дидани пешравии тиҷорати Баҳром, ҳамсояҳои дасти росту чапаш низ имсол ба табдили хонаҳои худ ба меҳмонсаро оғоз кардаанд. Акнун агар шумо низ ба Бадахшон сафар доред, як шаби худро дар Дарвоз гузаронед ва хотираҳои фаромӯшношуданӣ биоред. 

International Organization for Migration - Mission in Tajikistan

734013, кучаи Азизбеков 22а, Гузаргоҳи дуюм, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел.: (+992 48) 701 0202, 701 0303, 701 0222
Факс.: (+992 37) 251 0062
Почтаи электрони: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.