International Organization for Migration

Дафтари СБМ
дар Тоҷикистон

Омори ғуломии замони имрӯз

Манбаъ: Global Estimates of Modern Slavery, Forced Labour and Forced Marriage. By ILO, Walk Free Foundation, and IOM, 2017

Дар соли гузашта 40.3 миллион нафар қурбони ғуломии замони имрӯз гардиданд. 24.9 миллион нафар аз ин шумор маҷбур буданд, то дар манзилҳо, сохтмон, корхонаҳо, соҳаи кишоварзӣ ва арсаҳои дигар, аз ҷумла дар соҳаи хидматрасонии шаҳвонӣ кор кунанд. 15.4 миллион нафар маҷбуран ба муқобили хоҳишашон издивоҷ карда, мухторияти шаҳвонияшонро аз даст дода буданд ва илоаватан, барои “оила”-ҳои навашон хидмат ҳам мекарданд. Дар маҷмӯъ, дар панҷ соли гузашта тақрибан 89 миллион нафар барои якчанд рӯз ва ё то панҷ сол таҷрибаи талхи ғуломиро аз сар гузаронидаанд.

Аз 40.3 млн нафар қурбониёни ғуломии замони нав дар соли 2016, аксариятро занону духтарон ташкил медиҳанд. Ба фоиз ҳиссаи занону духтарони қурбонӣ чунин аст;

28.7 млн нафар ва ё 71% аз шумораи умумии қурбониёни ғуломӣ;

99% -и қурбониёни хидматрасонии иҷбории шаҳвонӣ;

58%-и қурбониёни кори маҷбурӣ дар соҳаҳои дигар;

40%-и қурбониёни кори маҷбурӣ аз ҷониби давлатҳо;

84%-и қурбониёни издивоҷи маҷбурӣ. 

Дар соли 2016 ҳар чаҳорумин қурбонии ғуломӣ кӯдак буд. Дар соли гузашта кӯдакон 37% (5.7 миллион нафар)-и қурбониёни издивоҷи иҷборӣ, 18%-и қурбониёни кори иҷборӣ, 7%-и қурбониёни кори маҷбурӣ аз ҷониби давлатҳо, ва 2%-и қурбониёни истисмори тиҷоратии шаҳвониро ташкил додаанд.

Шояд ғизое, ки мо тановул мекунем ва ё либосе, ки мо мепӯшем, аз ҷониби онҳое таҳия ва истеҳсол шудааст, ки ғуломвор кор фармуда мешаванд. Дар соли 2016 тақрибан 16 миллион нафар дар бахши хусусӣ ба кори иҷборӣ фаро гирифта шуда буданд. Нисфи ин қурбониён маҷбур буданд, ба ивази қарзашон бо пули андак ё ройгон хидмат кунанд.

Аксари кулли қурбониёни истисмори шаҳвонӣ берун аз ватани худ ба сар мебаранд, ва ҳар чаҳорумин қурбонии ғуломии замони имрӯз муҳоҷир аст. Аз даҳ қурбонии кори иҷборӣ тақрибан нуҳ нафарашон дар кишвари худ ба сар мебаранд ва 99%-и қурбониёни кори иҷборӣ аз ҷониби давлатҳо аз ҷониби ҳукуматҳои худашон истисмор мешаванд. 

Кор дар манзилҳои хусусӣ дар миёни соҳаҳои ҷалби кори иҷборӣ дар бахши хусусӣ дар ҷойи аввал меистад ва бисёре аз қурбониёнаш низ занони муҳоҷир мебошанд. Кишварҳои арабӣ, ки имрӯзҳо ба самти муҳоҷирати занони тоҷик низ табдил шудаанд, мизбони 19 дарсади занони муҳоҷири хидматгузори манзилҳои хусусӣ дар саросари ҷаҳон мебошанд. Мушкилоти умумие, ки хидматгузорони манзилҳои хусусиро домангир аст, инҳост: Пардохт нагардидани маош, пардохт нашудани корҳои иловагӣ, соатҳои дарози корӣ ва кори вазнину аз меъёр зиёд, камбуди истироҳат, набуди ҳимояи тандурустӣ ва рухсатӣ барои таваллуди фарзанд, шароити бади зист ва мушкилоти марбут ба шартномаи кориву қатъи он.

Соҳаи сохтмон тақрибан 7%-и ҷойҳои кории ҷаҳонро фаро мегирад ва шароити корӣ аксаран хатарнок буда, сатҳи ҳодисаҳои нохуш дар ин соҳа зиёд аст. 

  

Раҳоӣ аз шароити ғуломона осон нест, чун кордиҳандагон ва ё ҷалбгарон аз василаҳои гуногуни ҷисмонӣ ва равонӣ истифода мебаранд, то қурбониёнро дар банди асорат нигаҳ доранд. Пардохт накардани маош ва таҳдиди напардохтани он ҳар чаҳорумин қурбониро водор мекунад, то шароити тоқатнопазирро таҳаммул бикунад. Таҳдиди хушунат (17%), хушунати ҷисмонӣ (16%) ва таҳдид бар зидди аҳли хонадон (12%) низ васеъ истифода мешавад. Ҳафт дарсади занони қурбонӣ таҷрибаи талхи хушунати ҷинсиро аз сар гузаронидаанд.

Дар соли 2016 тақрибан 3.8 миллион калонсол ва як миллион кӯдак қурбонии истисмори шаҳвонӣ гардидаанд. 99 дарсади ин қурбониён занону духтарон будаанд. Ба ҳисоби миёна, қурбониёни истисмори шаҳвонӣ то ду солро қабл аз озод шудан ё гурехтан дар асорати шаҳвонӣ гузаронидаанд.

Беш аз чаҳор миллион нафар дар соли 2016 аз ҷониби ҳукуматҳо маҷбуран кор фармуда шудаанд. Ҳафт дарсади ин шуморро кӯдакон ташкил медиҳанд, ки нисфашон мактабхон буда, ба корҳое фаро гирифта шуда буданд, ки аз ҳадафҳои омӯзишӣ дур буд. Инро махсусан дар Кореяи Шимолӣ мушоҳида карда метавон.

Дар соли 2016 тахминан 15.4 миллион нафар (88 дарсадашон занону духтарон) дар издивоҷи иҷборӣ зиндагӣ мекарданд. Қариб сеяки қурбониён (37%) зери синни 18 буданд. 44 дарсади қурбониёни кӯдак то 15-солагӣ ба шавҳар дода шуда буданд.

Издивоҷи иҷборӣ сабабҳои зиёде дорад, ки баъзеяш бо одатҳои қадимаи фарҳангӣ бастагӣ дорад. Дар баъзе аз қисматҳои ҷаҳон, духтарони ҷавонро бар ивази пардохти маблағ ба оилаҳояшон, бахшиши қарзашон, ва ё ба хотири ҳалли низоъи оилавӣ ба шавҳар медиҳанд. Ҳангоми даргириҳо, гуруҳҳои мусаллаҳ духтаронро маҷбуран ба ҷанговарон ба шавҳар медиҳанд. Издивоҷи иҷборӣ дар кишварҳои рушдкарда ҳам рух медиҳад, ки он ҷо занону духтаронро маҷбуран ба мардони хориҷӣ ба хотири риояи анъанаҳо ва ё ба хотири дарёфти раводид ба шавҳар медиҳанд. Дар баъзе аз ҷомеаҳо, қурбонии таҷовузро бо ризоияти хонаводаи духтар ва ҷиҳати гурез аз ҷазои ҷиноятӣ ба таҷовузгар медиҳанд.

Гузоришҳо доир ба издивоҷи маҷбурӣ дар Осиёи Марказӣ низ зиёд аст, аммо тадқиқот дар ин мавзӯъ кам аст.

Пас аз издивоҷ, қурбониён ба хатари навъҳои дигари истисмор, ба монанди истисмори шаҳвонӣ, кори хона ва навъҳои дигари истисмори корӣ мувоҷеҳ мегарданд.

International Organization for Migration - Mission in Tajikistan

734013, кучаи Азизбеков 22а, Гузаргоҳи дуюм, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел.: (+992 48) 701 0202, 701 0303, 701 0222
Факс.: (+992 37) 251 0062
Почтаи электрони: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.