International Organization for Migration

Дафтари СБМ
дар Тоҷикистон

Раёсати нахустини Тоҷикистон дар Раванди Алмаато

Рӯзҳои 12-13-уми феврали соли ҷорӣ шаҳри Душанбе мизбони нишасти аввалини Гуруҳи коршиносони техникии Раванди Алмаато, як ибтикори минтақавии байнидавлатии марбут ба муҳоҷират, буд. Намояндагони мақомоти марбута аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, ва Тоҷикистон, ҳамчунин, коршиносони СММ дар ин нишаст иштирок карда, доир ба масоили муҳоҷират ва мушкилоти ҳимояи гурезагон дар Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳаммарз муколама баргузор карданд ва табодули иттилоот намуданд.

Раванди Алмаато доир ба ҳимояи гурезаҳо ва муҳоҷирати байналмилалӣ як раванди минтақавии машваратӣ мебошад, ки чолишҳои муҳоҷират дар минтақаро бо роҳи ҳамкорӣ баррасӣ менамояд. Нишасти Душанбе аввалин чорабинии ин ибтикор аз соли таъсиси он дар соли 2013 мебошад, ки таҳти Раёсати Тоҷикистон баргузор мегардад. Тоҷикистон Раёсати Раванди Алмааторо барои солҳои 2019-2020 ба дӯш дорад. 

Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, ва Туркманистон аъзои Раванди Алмаато буда, Эрон ва Покистон дар он нозир мебошанд. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ) ва Намояндагии  Раёсати Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон – Оҷонси СММ доир ба паноҳандагон (UNHCR) аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба Раванди Алмаато кумаки техникӣ ва коршиносона мерасонанд. 

Кристина Транка, роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Раванди Алмаато барои ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси пойгоҳи муҳимме ҷиҳати идомаи муколама доир ба муҳоҷират ва ҳуқуқи муҳоҷирон хидмат менамояд. Ҳимояи муҳоҷирон, муқовимат ба савдои одамон ва муҳоҷирати номуназзам, тарғиби интегратсияи муҳоҷирон ва равишҳои бунёдинаи мудирияти муҳоҷират аз ҷониби ҳукуматҳо масоили муҳимми соҳаи муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд. Раванди Алмаато коршиносони соҳаи муҳоҷиратро ба ҳам меорад, то онҳо муштаракан барои пешбурди муҳоҷирати амн иқдом намоянд”. 

Нишасти аввалини Гуруҳи коршиносони фаннии Раванди Алмаато дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Барномаи минтақавии муҳоҷират дар Осиё” баргузор шуд, ки он аз ҷониби Дафтари ИМА доир ба аҳолӣ, паноҳандагон ва муҳоҷират, Ҳукумати ИМА (PRM-PIM USA) маблағгузорӣ мешавад.

International Organization for Migration - Mission in Tajikistan

734013, кучаи Азизбеков 22а, Гузаргоҳи дуюм, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел.: (+992 48) 701 0202, 701 0303, 701 0222
Факс.: (+992 37) 251 0062
Почтаи электрони: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.