International Organization for Migration

Дафтари СБМ
дар Тоҷикистон

Баррасии масоили гуногуни муҳоҷират ва кумак ба гурезагон дар Душанбе

Рӯзҳои 14-15-уми майи соли ҷорӣ шаҳри Душанбе мизбони нишасти дувуми Гуруҳи коршиносони техникии Раванди Алмаато, як ибтикори минтақавии байнидавлатии марбут ба муҳоҷират, гардид. Намояндагони мақомоти марбута аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, ва Ӯзбекистон, ҳамчунин, коршиносони СММ дар ин нишаст иштирок карда, доир ба масоили муҳоҷират ва мушкилоти ҳимояи гурезагон дар Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳаммарз муколама ва табодули иттилоот карданд. 

Раванди Алмаато доир ба ҳимояи гурезаҳо ва муҳоҷирати байналмилалӣ як пойгоҳи минтақавии машваратӣ мебошад, ки чолишҳои муҳоҷират дар минтақаро бо роҳи ҳамкорӣ баррасӣ менамояд. Нишасти имрӯз дувумин чорабинии ин ибтикор дар се моҳи ахир аст, ки зери Раёсати Тоҷикистон баргузор мегардад. Тоҷикистон Раёсати Раванди Алмааторо барои солҳои 2019-2020 ба дӯш дорад. 

Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, ва Туркманистон аъзои Раванди Алмаато буда, Эрон ва Покистон дар он нозир мебошанд. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ) ва Намояндагии  Раёсати Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон – Оҷонси СММ доир ба паноҳандагон (UNHCR) аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба Раванди Алмаато кумаки техникӣ ва коршиносона мерасонанд. 

Саидасрор Саидов, сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мегӯяд: “Муҳоҷират падидаи зудтағйирёбанда буда, Раванди Алмаато пойгоҳи дурусте барои баррасии вокуниши мо ба чолишҳои нав мебошад”. 

Вито Трани, намояндаи UNHCR дар Тоҷикистон мегӯяд: “Кишварҳо мухторият ва ҳақ доранд, то марзҳои худро назорат намуда, шароити вуруд ва будубоши ҳар касеро дар ҳудудашон муайян кунанд. Дар баробари он, асосҳои башардӯстонаи ҳимояи афроди ниёзманд бояд аз мадди назар дур намонад. Уҳдадориҳои давлатҳо ҷиҳати мудирияти муассири ҷараёнҳои муҳоҷират ва фазои инсондӯстонаи ёрӣ ба фирориён аввалиндараҷа мебошанд”.

Раёсати Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон – Оҷонси СММ доир ба паноҳандагон (UNHCR) дар нишаст таҷрибаҳои қонунгузориҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар самти танзими масоили марбут ба гурезагон ва муҳоҷирон муаррифӣ карда, муҳиммияти мудирияти додаҳоро таъкид намуд, ва ҳамчунин, доир ба Ҳамоиши ҷаҳонӣ доир ба масоили гурезагон, ки моҳи декабри соли ҷорӣ дар Женева дар сатҳи вазирон баргузор хоҳад шуд, маълумот дод. Низоми сабти вазъ ва ҳузури муҳоҷирон дар кишварҳои узви Раванди Алмаато низ аз ҷониби намояндагони давлатҳои узв муаррифӣ шуд. 

Виктория Касабян, Роҳбари дафтари СБМ Қазоқистон дар Алмаато, ба ин пойгоҳ эътимод дорад: “Раванди Алмаато як пойгоҳи ҷавон ва бо аҳдофи болоҳимматона мебошад. Аъзои он дар самти таҳияи стратегияи фаъолият дар солҳои оянда ҷиҳати вокуниш ба масоили гуногуни муҳоҷират дар минтақа кор карда истодаанд. СБМ аз Раванди Алмаато пуштибонӣ намуда, дар соҳаҳои марбут ба мудирияти муҳоҷират, ки мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои узв аст, мусоидат мекунад”. 

Кристина Транка, Роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Раванди Алмаато коршиносони соҳаи муҳоҷиратро ба ҳам меорад, то онҳо муштаракан барои пешбурди муҳоҷирати амн иқдом намоянд. Дар ин нишаст СБМ Торнамои ҷаҳонии додаҳо доир ба муҳоҷират ва Индикаторҳои мудирияти муҳоҷираташро муаррифӣ карда, доир ба ибтикори нави тадқиқотие дар мавзӯъи муҳоҷирати ҷавонон аз Осиёи Марказӣ маълумот дод”.

Нишасти дувуми Гуруҳи коршиносони фаннии Раванди Алмаато дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Барномаи минтақавии муҳоҷират дар Осиё” баргузор мешавад, ки он аз ҷониби Дафтари Департаменти давлатии ИМА доир ба аҳолӣ, паноҳандагон ва муҳоҷират (PRM USA) маблағгузорӣ мешавад.

International Organization for Migration - Mission in Tajikistan

734013, кучаи Азизбеков 22а, Гузаргоҳи дуюм, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел.: (+992 48) 701 0202, 701 0303, 701 0222
Факс.: (+992 37) 251 0062
Почтаи электрони: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.