International Organization for Migration

Дафтари СБМ
дар Тоҷикистон

СБМ талошҳои олимон ва мутахассисонро барои табодули дониш доир ба савдои одамон дастгирӣ менамояд

Муқовимат ба савдои одамон дар Тоҷикистон ва роҳандозии низоми мусоидат ба қурбонӣ дар кишвар дар маркази таваҷҷуҳи ҳамоиши илмӣ мебошад, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоиш ба Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон, ки ҳамасола 30-уми июл қайд мегардад, бахшида шуд. 

Баргузории ин њамоиш аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ) дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии таълимии муқовимат ба савдои одамон дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамони Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. 

Намояндагони марказҳои таҳлилӣ, донишгоҳҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва идораҳои давлатӣ дар ҳамоиш аз таҷрибаву дониши худ доир ба таваҷҷуҳ ба қурбонӣ ва пуштибонӣ аз ӯ сухан гуфта, истифодаи фанновариҳои навинро дар муқовимат бо ин ҷиноят дар Тоҷикистон баррасӣ карданд. Мавзӯъҳои ҳамоиш иборат буданд аз: нақши иштироки намояндаи қурбонӣ дар ҷараёни тафтиш ва мурофиаи судӣ, таъмини маҷмӯъи кумакҳо ба қурбониён, пешгирӣ аз ревиктимизатсия ва стигма нисбат ба қурбониён, истифодаи интернет дар ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва муҳоҷирати номуназзам, таҷрибаҳои пешрафтаи минтақавӣ-ҷаҳонӣ, ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон. 

Тоҷикистон, ҳамчун кишвари зуҳур, транзит ва таъинот барои савдои одамон, инчунин, ба ҳайси манбаъи муҳоҷирони корӣ, тавоноии худро ҷиҳати ёрӣ ба шаҳрвандони худ ва шањрвандони дигар кишварҳо, ки қурбонии истисмори кориву шаҳвонӣ гардидаанд, боло бардошт. Бо инобат гирифтани талошҳои пайвастаи Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон аз ҷониби Гузориш доир ба вазъи савдои одамон дар ҷаҳон аз соли 2018 мавқеъи кишвар то ба Гуруҳи 2 боло бардошта шуд. 

Муқовимат ба савдои одамон яке аз вазифаҳои асосии СБМ буда, тақрибан ду даҳа боз СБМ ба Ҳуқумати Тоҷикистон дар таҳияи заминаҳои қонунӣ ва таҳкиму тақвияти тавоноӣ дар муқовимат ба савдои одамон, ҳимояи қурбониён ва ҷазо додани ҷинояткорон мусоидат мекунад. Аз ҷумла соли 2019 СБМ Тоҷикистон ба 17 қурбонии савдои одамон ёриҳои мустақим расонида, аз 8 ҳодисаи дигари савдои одамон ҷилавгирӣ намудааст, ки бештарашон мардон будаанд. 

Мегӯем: #НестБодСавдоиОдамон!

International Organization for Migration - Mission in Tajikistan

734013, кучаи Азизбеков 22а, Гузаргоҳи дуюм, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел.: (+992 48) 701 0202, 701 0303, 701 0222
Факс.: (+992 37) 251 0062
Почтаи электрони: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.