International Organization for Migration

Дафтари СБМ
дар Тоҷикистон

Ҷавонон бар зидди савдои одамон дар Тоҷикистон

Давоми ду рӯз шаҳри Душанбе мизбони мусобиқаи миллии мубоҳисаҳо (дебатҳо) дар мавзӯи савдои одамон дар миёни беҳтарин дастаҳои ҷавонон аз саросари кишвар гардид. Мусобиқа дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Шараф ва ҳуқуқ”-и USAID, ки аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ) иҷро мешавад, ва дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи инсондӯстии Оғохон (Донишгоҳи Осиёи Марказӣ) баргузор гардид.   

Мубоҳисаҳо, ки ба Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон, ки ҳамасола 30-уми июл қайд мешавад, бахшида шуда, ҳадаф доштанд, то огоҳии ҷомеаи тоҷикро доир ба савдои одамон ва зарурати ҳимояи ҳуқуқи қурбониён боло баранд. 

Дар сабқати ниҳоӣ 36 мактаббача ва донишҷӯ аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҳам нерӯ санҷиданд. Иштирокдорон аз вилоятҳо қаблан дар сабқатҳои интихобӣ дар сатҳи вилоятӣ ғолиб омада буданд, ки он мубоҳисаҳо ба мавзӯъҳои кори иҷбории кӯдакон ва ҳуқуқи онҳо, манфиатҳо ва чолишҳои муҳоҷират, ва ҳамчунин, ҳуқуқи муҳоҷирон бахшида шуда буд. 

“Ин мусобиқа ба ҷавонон имкон фароҳам меорад, то фаҳмиш худро доир ба савдои одамон боло бурда, дар маҷмӯъ, дар бораи масоили ҷаҳонии муҳоҷират тасаввуроти худро комил намоянд. Бо иштирок дар ҳар марҳила мо шоҳиди огоҳии бештари мубоҳисони ҷавон аз шарафи инсонӣ, ҳуқуқи инсон, хатарҳои савдои одамон ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ мегардидем. Ин мубоҳисаҳо ба мисли тамрин мебошанд – ҷавонон дар баробари такмили тақвияти андешаронии интиқодияшон ва суҳбатронӣ дар ҷамъият, донишҳои лозима барои зиндагии рӯзмарраро омӯхта, ба зиндагӣ омода мегарданд. Мубоҳисаҳо бо забони англисӣ сурат гирифтанд, то дониши забонии иштирокдоронро низ тақвият диҳанд” мегӯяд Кристина Транка, Роҳбари дафтари СБМ Дар Тоҷикистон. 

Муқовимат ба савдои одамон яке аз вазифаҳои умдатарини СБМ мебошад. Тақрибан ду даҳа боз СБМ ба Ҳуқумати Тоҷикистон дар таҳияи чаҳорчӯбаҳои қонунӣ ва тақвияти иқтидораш ҷиҳати муқовимат ба савдои одамон, ҳимояи қурбониён ва ҷазо додани ҷинояткорон мусоидат менамояд.

Ҳадафи умумии лоиҳаи “Шараф ва ҳуқуқ” баланд бардоштани огаҳии мардум, махсусан, муҳоҷирони корӣ, доир ба ҳуқуқашон, ва тавонмандсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи муҳоҷирон, муҳоҷирони эҳтимолӣ ва аҳли оилаи онҳо, ва дар маҷмӯъ, ҳуқуқи аҳолӣ мебошад.  

International Organization for Migration - Mission in Tajikistan

734013, кучаи Азизбеков 22а, Гузаргоҳи дуюм, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел.: (+992 48) 701 0202, 701 0303, 701 0222
Факс.: (+992 37) 251 0062
Почтаи электрони: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.