International Organization for Migration

Дафтари СБМ
дар Тоҷикистон

Пуштибонии USAID ва СБМ аз ҷавонон дар самти муқовимат ба савдои одамон

Давоми чор рӯз, аз 12-ум то 15-уми август, лагери “Шоҳин” дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мизбони лагери тобистонаи ҷавонони 17-18-сола аз саросари Тоҷикистон гардид. Лагери мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Шараф ва ҳуқуқ”-и USAID, ки аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ) иҷро мешавад, ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

  

Лагери тобистона, ки ба Рӯзи байнулмилали ҷавонон, ки ҳамасола 12-уми август қайд мешавад, бахшида шуда буд, ҳадаф дошт, то огоҳии ҷавонони тоҷикро доир ба ҳуқуқи инсон, савдои одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, меҳнати кӯдакон баланд бардошта, зарурат ва роҳҳои ҳимояи ҳуқуқи қурбониёнро таълим диҳад. 

Дарсҳои таълимӣ ва тафреҳӣ ба иштирокдорони лагер имконият доданд, то омӯзиш бигиранд, робитаҳои дӯстӣ миёни ҳам барқарор намоянд, ва маҳоратҳои раҳбарии худро тақвият диҳанд. Бо иштироки фаъолона дар мубоҳисаҳо, ҷавонон саҳм ва нақши худро дар ҷомеа дар ҳалли мушкилоти марбут ба савдои одамон, боло бардоштани сатҳи огаҳӣ доир ба муҳоҷирати амн ва ҳимоятё ёрӣ ба қурбониён баррасӣ карданд. Лагер ба лаёқатҳои ҷавонон дар самти андешаронии танқидӣ ва суҳбатронӣ дар ҷамъият таъсири мусбат ва муассир расонид. 

“Ин лагер ба ҷавонон имкон фароҳам овард, то фаҳмиши худро доир ба савдои одамон боло бурда, дар маҷмӯъ, дар бораи масоили ҷаҳонии муҳоҷират тасаввуроти худро комил намоянд. Ин ибтикор ба мисли тамрин буд  – ҷавонон дар баробари такмили тақвияти андешаронии интиқодияшон ва суҳбатронӣ дар ҷамъият, донишҳои лозима барои зиндагии рӯзмарраро омӯхта, ба зиндагӣ омода мегарданд” мегӯяд Кристина Транка, Роҳбари дафтари СБМ Дар Тоҷикистон. 

Ҷавононе, ки дар ин лагер дониш андӯхтанд, қавл доданд, ки он донишҳоро ба ҳамсолони худ низ меомӯзонанд. 

Муқовимат ба савдои одамон яке аз вазифаҳои умдатарини СБМ мебошад. Тақрибан ду даҳа боз СБМ ба Ҳуқумати Тоҷикистон дар таҳияи чаҳорчӯбаҳои қонунӣ ва тақвияти иқтидораш ҷиҳати муқовимат ба савдои одамон, ҳимояи қурбониён ва ҷазо додани ҷинояткорон мусоидат менамояд.

Лоиҳаи “Шараф ва ҳуқуқ” яке аз чандин лоиҳаҳоест, ки тавассути USAID аз ҷониби мардуми Амрико амалӣ мегарданд. Дар 27 соли гузашта, Ҳукумати ИМА ба маблағи бештар аз 1.8 миллиард доллар лоиҳаҳое гуногунро дар Тоҷикистон дар самтҳои амният, ниҳодҳои демократикунонӣ, соҳаи иҷтимоӣ, ва рушди иқтисод дастгирӣ кардааст.  

International Organization for Migration - Mission in Tajikistan

734013, кучаи Азизбеков 22а, Гузаргоҳи дуюм, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел.: (+992 48) 701 0202, 701 0303, 701 0222
Факс.: (+992 37) 251 0062
Почтаи электрони: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.