International Organization for Migration

Дафтари СБМ
дар Тоҷикистон

Омори соли 2019 доир ба муҳоҷирати байнулмилалӣ дар ҷаҳон

Се аз сад кас дар ҷаҳон имрӯз муҳоҷири байнулмилалист, мегӯяд пажӯҳиши нави СММ. Омори нав дар пажӯҳиши нав бо номи “The International Migrant Stock 2019” аз ҷониби Шӯъбаи аҳолии Департаменти СММ доир ба умури иҷтимоӣ ва иқтисодӣ (DESA) нашр гардид. Дар ин матлаб доир ба даҳ рақами муҳимтарини ин пажӯҳиш шинос мешавед.

 

Дар соли 2019 шумораи муҳоҷирони байнулмилалӣ ба 272 миллион нафар расидааст – дар соли 2010 ин рақам 221 миллион нафарро ташкил медод. Аксарияти муҳоҷирони байнулмилалӣ дар Аврупо (82 миллион нафар), Амрикои Шимолӣ (59 миллион нафар), ва Африқои Шимоливу Осиёи Ғарбӣ (49 миллион нафар) ба сар мебаранд. Аммо ҷуғрофиёи муҳоҷирони байнулмилалӣ дар ҳоли тағйир буда, шумори онҳо дар Африқои Шимолӣ ва Осиёи Ғарбӣ нисбат ба минтақаҳои дигар бо суръати бештар афзоиш меёбад.

Шумораи муҳоҷирон дар ҷаҳон дар муқоиса бо аҳолии ҷаҳон бо суръати бештар афзоиш меёбад. Дар натиҷа, ҳиссаи муҳоҷирон дар шумораи умумии аҳолӣ аз 2.8%-и соли 2000 то ба 3.5% дар соли 2019 боло рафтааст. Ҳиссаи муҳоҷирон бештар дар миёни аҳолии минтақаҳои Уқёнусия бо шумули Австралия ва Зеландияи Нав (21%), ва Амрикои Шимолӣ (16%) боло рафтааст.

Дар солҳои ахир муҳоҷирати иҷборӣ дар муқоиса бо муҳоҷирати ихтиёрӣ бо суръати бештар афзоиш ёфтааст. Танҳо аз соли 2010 то ба соли 2017 шумораи фирориён ва паноҳандагон 13 миллион нафарро ташкил додааст. Дар ҳоле, ки муҳоҷирони ихтиёрӣ дар солҳои 2010-2019 ба ҳисоби миёна 2%-ӣ зиёд шудаанд, фирориён ва паноҳандагон беш аз 8%-ӣ солона дар солҳои 2010-2017 афзоиш ёфтаанд. Дар соли 2017 (охирин арқоми мавҷуда аз ин сол аст), тақрибан нисфи фирориён ва паноҳандагони ҷаҳон (46%) дар Африқои Шимолӣ ва Осиёи Ғарбӣ паноҳгоҳ ёфтаанд.

Муҳоҷират барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон хос аст, вале оё медонед, ки тақрибан нисфи муҳоҷирони ҷаҳонро танҳо даҳ кишвар мизбонӣ мекунанд? Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2019 мизбони тақрибан 51 миллион муҳоҷир (19%-и муҳоҷирони ҷаҳон) буданд. Дар Олмон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ беш аз 13 миллион нафарӣ, дар Русия тақрибан 12 миллион нафар ва дар Бритониёи Кабир наздик ба 10 миллион нафар муҳоҷиранд. Ҳаштуним миллион муҳоҷир Имороти Муттаҳидаи Арабро, каме камтар аз он Фаронсаро ва расо ҳашт миллион нафар Конодоро макони кор ва ё зист ихтиёр кардаанд. Австралия (7.5 миллион) ва Итолиё (6.3 милион) низ ба даҳгонаи аввали кишварҳои мизбони муҳоҷирон ворид мешаванд.  

Оё медонед, ки манбаъи бузургтарини муҳоҷирони байнулмилалӣ дар ҷаҳон Аврупо мебошад? Тибқи пажӯҳиши Созмони Милал, аз панҷ ду ҳиссаи муҳоҷирони байнулмилалӣ дар соли 2019 дар Аврупо(61 миллион нафар) ва ё Осиёи Марказӣ ва Шимолӣ (50 миллион нафар) таваллуд шудаанд. Чиҳил миллион муҳоҷири соли 2019 дар Амрикои Лотинӣ ва 37 миллион нафари дигар дар Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубу-Шарқӣ тавалуд шудаанд.

Оё медонистед, ки аксари муҳоҷироне, ки дар Аврупо истиқомат мекунанд, аз кишварҳои дигари худи Аврупо мебошанд? Аз се ду ҳиссаи муҳоҷирони байнулмилалие, ки дар Аврупо таваллуд шудаанд, дар кишварҳои худи Аврупо маскан мегиранд. Дар соли 2019 ин рақам 69%-и муҳоҷирони мутаваллиди аврупоиро ташкил дод, яъне аз 61 миллион муҳоҷири аврупоӣ 42 миллион нафарашон ватани дувуми худро дар дохили қитъаи худ ихтиёр кардаанд. Ва оё медонистед, ки аксари муҳоҷирони кишварҳои рӯ ба рушд аз ҳамон гуна кишварҳои рӯ ба рушд мебошанд? Дар соли 2019 аз ҳар даҳ муҳоҷири байнулмилалӣ дар минтақаи Африқо (бе шимол) тақрибан нуҳ нафарашон (89%) ва аз ҳар даҳ муҳоҷири байнулмилалӣ дар минтақаи ҷанубу-шарқи Осиё (83%) ҳар ҳаштумаш аз дохили худи ҳамон минтақа будаанд. Баръакси ҳол, дар минтақаҳои Уқёнусия (88%) ва Амрикои Шимолӣ (98%) дида мешавад, ки тақрибан ҳамаи муҳоҷирони байнулмилалияшон берун аз минтақа таваллуд шудаанд.

Сеяки муҳоҷирони байнулмилалии ҷаҳон танҳо аз даҳ кишвар берун омадаанд. Ду кишвари собиқи Шӯравӣ, ки худашон мизбони муҳоҷирони зиёди тоҷиканд, ба даҳгонаи кишварҳое, ки аз он мардуми зиёде ҳиҷрат мекунанд, вориданд. Дар соли 2019, аз ҳама бештар муҳоҷирон аз Ҳиндустон (17,5 млн) будаанд. Муҳоҷирон боз бисёртар Мексика (11.8 млн), Чин (10.7 млн) ва Русия (10.5 млн)-ро тарк мегуфтаанд. Панҷгонаро Сурия бо 8.2 миллион нафаре, ки аз он ҳиҷрат кардааст, мебандад. Ба даҳгона боз Бангладеш (7.8 млн), Покистон (6.3 млн), Укроин (5.9 млн), Филиппин (5.4 млн) ва Афғонистон (5.1 млн) дохиланд. 

Тақрибан нисфи муҳоҷирони байнулмилалии ҷаҳон занон ташкил медиҳанд. Ин рақам аз 49.3% дар соли 2000 то ба 47.9% дар соли 2019 поин рафтааст. Ҳиссаи занон дар миёни муҳоҷирон дар Амрикои Шимолӣ (51.8%) ва Аврупо (51.4%) зиёд буда, дар Африқои Шимолӣ ва Осиёи Ғарбӣ (35.5%) камтарин аст. 

Ҳар ҳафтумин муҳоҷири байнулмилалӣ аз бист сол камтар дорад. Дар соли 2019 тақрибан 38 миллион муҳоҷири байнулмилалӣ, 14%-и ҳамаи муҳоҷирони байнулмилалӣ, аз 20 сол камтар доштаанд. 74%-и ин омор, баробар ба 202 миллион муҳоҷир аз 20 то 64 сол доштаанд, яъне дар синну соли қобили кор ҳастанд. Ҳар чаҳорумин муҳоҷири синну соли қобили кор дар Осиёи Ҷанубу-Шарқӣ, Осиёи Шарқӣ, Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ба сар мебаранд.

Маълумоти бештар: bit.ly/Migration2019  

International Organization for Migration - Mission in Tajikistan

734013, кучаи Азизбеков 22а, Гузаргоҳи дуюм, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел.: (+992 48) 701 0202, 701 0303, 701 0222
Факс.: (+992 37) 251 0062
Почтаи электрони: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.