International Organization for Migration

Дафтари СБМ
дар Тоҷикистон

Таваҷҷуҳи асосӣ ба занон, тағйири иқлим ва муҳоҷират дар Тоҷикистон

Дар рӯзҳое, ки тамоми олам дар саммити Созмони Милали Муттаҳид доир ба тағйири иқлим дар Ню-Йорк ҷамъ меояд, СБМ Тоҷикистон лоиҳаи наверо оид ба тағйири иқлим, гендер ва муҳоҷират ифтитоҳ менамояд. 

Ин кишвари кӯҳистонии Осиёи Марказӣ ба офатҳои табиӣ фавқулодда осебпазир мебошад, ки бо харобшавии муҳити зист, тағйирпазириҳои иқлим шиддат ёфта, ба иқтисоди он таъсири ногувор мерасонанд. 

Тӯли солҳои зиёд муҳоҷират барои одамони зиёде ба стратегияи мутобиқшавӣ табдил ёфтааст, чунки даҳҳо ҳазор нафар, асосан мардон, дар кишварҳои ҳамсоя ва берун аз қаламрави онҳо кор меҷӯянд. Чунин вазъият занонро ба рафъи мушкилоти нав, аз ҷумла пайомадҳои нохуши офатҳои табиие, мисли хушксоливу обхезиҳои рӯзафзун дар хонаводаҳову ҷамоатҳояшон вомегузорад. 

“Сухан на танҳо дар бораи ҳифзи муҳити зист меравад,” тавзеҳ дод Роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон Кристина Транка дар остонаи мулоқоте, ки СБМ ва Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе ташкил карданд. “Мо бояд ба кумаки техникӣ ба занони танҳогузошташуда таваҷҷуҳи бартар зоҳир намоем. Ин метавонад расонидани маълумоти махсус оид ба хидматрасониҳои молиявӣ ва фаъолиятҳо дар соҳаи тағйири иқлим, такмил додани фарогирии молиявӣ дар миёни занон, таҳия намудани давраи омӯзишие, ки ба ҷанбаъҳои гендерӣ равона шудааст ва хидматрасониҳои паҳнсозии дониш бошад – ки хонаводаҳоро ба идора кардани хавфҳои хушксолӣ, обхезиҳо ва офатҳои дигар беҳтар омода хоҳанд намуд”. 

Мулоқоти мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба таври муштарак ташкил шуда, муассисаҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ дар он иштирок карданд. 

Аз фурсати мазкур истифода бурда, СБМ ба ташаббуси нави худ барои фаҳмидани пайвандиҳо миёни муҳоҷират, гендер, тағйири иқлим ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҳусни оғоз мебахшад. Ин ташаббуси нав ба таъмини воридсозии масъалаҳои муҳоҷират ба сиёсатҳову барномаҳои соҳавии тағйирёбии иқлим ва баръакс, инчунин арзёбӣ кардани самаранокии мудохилаҳои эҷоди зарфият барои занони таркшуда бо мақсади мусоидат намудан ба мутобиқшавии хонаводаҳои гирандаи маблағҳои интиқолӣ равона шудааст. Барномаи дусола аз ҷониби Бунёди рушди СБМ дар ҳаҷми 200 000 доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудааст. 

“Мо зарурати фаъолсозии талошҳои миллӣ, минтақавӣ ва байнулмилалиро барои ҳалли масъалаҳову имкониятҳое эътироф менамоем, ки бо муҳоҷирати одамон алоқаманд буда, дар натиҷаи таъсири таконҳову фишорҳои экологӣ ба вуҷуд меоянд,” гуфт Транка. “Дар чорчӯбаи лоиҳаи худ мо дар кори стратегӣ ва тарғибот, таҳқиқот, эҷоди зарфият ва фаъолиятҳои амалиётии соҳаи мазкур якҷоя бо Ҳукумати Тоҷикистон, шарикони байнулмилалӣ ва агентиҳои миллӣ иштирок хоҳем кард”. 

Лоиҳа ба амалисозии Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим саҳм хоҳад гузошт.

Аксҳо: Ҷамолиддин Ёқубов, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон

International Organization for Migration - Mission in Tajikistan

734013, кучаи Азизбеков 22а, Гузаргоҳи дуюм, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел.: (+992 48) 701 0202, 701 0303, 701 0222
Факс.: (+992 37) 251 0062
Почтаи электрони: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.