International Organization for Migration

Дафтари СБМ
дар Тоҷикистон

Поёни шаби сияҳ сапед аст. Тағйирот дар зиндагии Насими ҷавон гувоҳи ин гуфтаҳост

Насим мактаби миёнаро хатм карду, дар Бохтар ба донишгоҳ дохил шуд, вале намедонист, ки унвони донишҷӯӣ танҳо як сол барояш насиб мегардад. Падараш дар муҳоҷират дар Федератсияи Россия мариз шуд ва дигар кор карда натавонисту, ба хона баргашт. Бекориву маризии падар зиндагии оилаи онҳоро тағйир дод.

Насим маҷбур шуд, ки ҷойи падарро дар Россия бигирад ва он ҷо борбардорӣ кунад, вале боз ҳам бехабар, ки муҳоҷирати ӯ ҳам каме бештар аз як сол давом мекунаду халос. Пас аз як бозгашташ ба Тоҷикистон ӯро дигарбора ба Россия роҳ надоданд. Вазъи зиндагии оилаашон боз ҳам мушкилтар гардид.

Ин ки роҳи ӯ ба Россия баста гардид, масъулияти таъмини оила, ёрӣ ба модар, ва нигоҳубини падару бародарону хоҳарони хурдсол аз гарданаш соқит нагардида буд. Се соли дигар Насим дар Бохтар ва ноҳияҳои гирду атроф ҳар коре, ки меёфт, мекард, чӣ дар сохтмон, чӣ таъмири хона, ва ё чӣ борбардорӣ дар бозор. Вале имкониятҳои дарёфти кори ҳатто хурд дар як шаҳри нисбатан хурд зиёд нест. Рӯзҳои зиёде ӯ ба хона бе ҳеҷ дирам дар киса бармегашт. Моҳонаи хурди модараш, ки дар бозор фаррошӣ мекард, ба чизе намерасид ва модараш маҷбур буд, ки барои таъмини оила аз бонк қарз бигирад.

Шароити зиндагӣ ҷавонписарро ба маъюсӣ, афсурдаҳолӣ ва ғазаб мерасонид ва дар сараш ҳатто фикри тағйири ному бозгашт ба Россия бо номи дигар чарх мезад – талошҳои Созмони Байналмилалии Муҳоҷират низ ба он равона шудааст, то ҷавононро, ки шароити вазнини зиндагӣ онҳоро ба ҷиноят тела медиҳад, дастгирӣ намояд ва ба он васила онҳоро нагзорад, ки ба роҳи бад раванд. Вале як суҳбате бо раиси маҳалла, ки дар дасташ баргаи иттилоотии “Ахтари бахт”-ро дошт, дар дили Насим умедро бедор кард. “Ахтари бахт” созмони ҷамъиятие дар шаҳри Бохтар аст, ки ҳамроҳ бо СБМ бо маблағгузории USAID дар доираи лоиҳаи “Шаъну шараф ва ҳуқуқ” ба муҳоҷирони бозгашта ва осебпазир дар оғози тиҷорату соҳибкорӣ ёрӣ мерасонад.

Насим мегӯяд: Аз ман пурсиданд, ки чӣ ҳунар дорам. Гуфтам, дар дӯконҳо дар бозор ба ҳайси фурӯшанда кор кардаам, ин корро хуб медонам, ва агар ба ман ёрӣ диҳанд, мехоҳам тиҷоратро оғоз кунам. Ба ман бовар карданд ва ҳоло ман дӯконеро иҷора гирифта, аз Душанбе сарулибоси кӯдакона мехарам ва дар ин ҷо мефурӯшам. Ҳоло андоз месупорам ва андозсупоранда ҳам ҳастам. Қарзҳоро, ки барои табобати падарам гирифта будем, баргардонидам”.

Насим қарзҳоро баргардонид, акнун метавонад табобати падарашро мустақилона давом диҳад, оиларо таъмин намояд – ва инҳо танҳо намунае аз тағйирот дар зиндагии нави ӯ мебошанд. Чанде пеш ӯ худаш ҳам оиладор шуд ва тамоми хароҷоти тӯй ҳам аз кисаи худаш буд. Маъюсиву ғазаби соли гузашта ба шодиву фараҳи имсолу солҳои оянда табдил кардааст ва дар зиндагии Насим нав субҳи офтобиву босафо ва рӯшан медамад.

Ин матлаб бори аввал моҳи августи соли 2019 бо англисӣ нашр гардида буд. Тарҷумаи ғайрирасмӣ.

International Organization for Migration - Mission in Tajikistan

734013, кучаи Азизбеков 22а, Гузаргоҳи дуюм, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел.: (+992 48) 701 0202, 701 0303, 701 0222
Факс.: (+992 37) 251 0062
Почтаи электрони: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.