Баргаи иттилоотии муштараки Оҷонси муҳоҷирати СММ (UN Migration Agency-IOM), Комиссариати олии ҳуқуқи башари СММ (OHCHR), Оҷонси кор бо гурезагони СММ (UNHCR), ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт (WHO)
Женева: Дар рӯбарӯи буҳрони КОВИД-19 ҳамаи мо осебпазир ҳастем. Вирус аллакай нишон дод, ки ба касе тараҳҳум намекунад, вале гурезагони зиёде, онҳое, ки маҷбуран бесарпаноҳ мондаанд, афроди бешаҳрвандӣ ва муҳоҷирон ба хатари бештар гирифторанд.
Сеяки гурезагони ҷаҳон ва муҳоҷирони зиёде дар минтақаҳои рӯ ба рушд ба сар мебаранд, ки он ҷо соҳаи тандурустӣ дигар тавоноӣ надорад. Бисёриҳо дар паноҳгоҳҳо ва маконҳои серодам зиндагӣ мекунанд ва дар он ҷо ба хидматрасониҳои тиббӣ, оби тоза ва беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд.
Вазъияти гурезаҳо ва муҳоҷироне, ки дар боздоштгоҳҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ дар шароити бади беҳдоштӣ нигаҳ дошта мешаванд, махсусан ташвишовар аст. Бо назардошти оқибатҳои марговари паҳншавии КОВИД-19, онҳо бояд бидуни таъхир озод шаванд. Кӯдакони муҳоҷир ва оилаҳои онҳо, ҳамчунин, онҳое, ки бе асоси воқеъии ҳуқуқӣ боздошт шудаанд, бояд бе таъхир озод шаванд.
Ин бемориро танҳо дар ҳолати истифода аз равиши фарогир, ки ҳуқуқи ҳар як фард ба зиндагӣ ва саломатиро ҳимоя мекунад, метавон контрол кард. Эҳтимоли он ки муҳоҷирон ва фирориён, махсусан, вақте бе ҳуҷҷатанд, аз барномаҳо ва нигоҳубин берун монанд ва нисбат ба онҳо доғгузорӣ ва табъиз сурат бигирад, бештар аст. Барои пешгирӣ аз фоҷеъа, ҳукуматҳо бояд ҳамаи талошашонро ба ҳимояи ҳуқуқ ва саломатии ҳама равона созанд. Ҳимояи ҳуқуқ ва саломатии ҳама, дарвоқеъ, ба пешгирӣ аз паҳншавии вирус мусоидат мекунад.
Бисёр муҳим аст, ки ҳама, аз ҷумла муҳоҷирон ва гурезагон, ба хидматрасониҳои тиббӣ дастрасии баробар дошта бошанд ва ба барномаҳои вокуниш ба КОВИД-19, аз ҷумла, ҷиҳати пешгирӣ, санҷиш ва табобат ворид гардонида шаванд. Фарогирии ҳамагон на танҳо ҳуқуқи муҳоҷирон ва гурезагнро ҳимоя мекунад, балки саломатии ҷомеаро ҳимоя мекунад ва аз густариши саросарии КОВИД-19 ҷилавгирӣ мекунад.
Дар ҳоле ки кишварҳои зиёде фирориён ва муҳоҷиронро мизбонӣ ва ҳимоя мекунанд, ин кишварҳо дар ҳолатҳои зиёде тавоноии посухи муассир ба буҳронҳое назири КОВИД-19 надоранд. Ҷиҳати фароҳамории дастрасии баробари муҳоҷирон ва гурезагон ба хидматрасонии тиббии миллӣ, ин кишварҳо шояд ба ёриҳои иловагии молӣ ниёз доранд. Ниҳодҳои молии ҷаҳонӣ дар ин ҷо барои фароҳамсозии маблағгузорӣ метавонанд нақши пешбарро бозанд.
Дар ҳоле ки кишварҳо марзҳои худро мебанданд ва ҳаракатҳои фаромарзиро маҳдуд мекунанд, ҳамеша роҳҳое мавҷуд аст, ки имкон медиҳад, то ҳангоми мудирияти маҳдудиятҳои сарҳадӣ ҳуқуқи байнулмилалии инсон ва меъёрҳои ҳимояи гурезагон, аз ҷумла худдорӣ аз истирдод, ҷорисозии карантин ва санҷиши саломатӣ, риоя гардад.
Дар ҳоле, ки КОВИД-19 имрӯз бештар аз ҳар вақти дигар ба инсонияти ҳамагонии мо таҳдид мекунад, ҳадафи аввали мо бояд ҳимояи ҷон, сарфи назар аз мақом бошад. Ин буҳрон равиши муассири байнулмилалиро, ки ҳеҷ касро аз назар берун нагузорад, талаб мекунад. Дар ин ҳолати калидӣ, ҳамаи мо бояд дар гирди як ҳадаф ҷамъ оем ва бар зидди ин вирус мубориза кунем. Гурезагон, афроди бесарпаноҳ, одамони бешаҳрвандӣ, ва муҳоҷирони зиёде донишҳо ва манбаъҳои зиедеро доранд ва онҳо низ метавонанд ҷузви роҳи ҳал бошанд.
Мо наметавонем ба ҳарос ва таҳаммулнопазирӣ иҷозат бидиҳем, то ҳуқуқро нодида бигирем ва ё муассирияти вокуниш ба пандемияи саросариро зери суол барем. Ҳамаи мо дар як киштием. Бар ин вирус танҳо дар ҳолате пирӯз мегардем, ки ҳар яки мо паси сипари ҳимоя қарор бигирем.
Барои иттилои бештар ва дархостҳои расонаӣ:
IOM: Leonard Doyle Director, Media and Communication Division Spokesperson of the Director General. +41 22 717 95 89, Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. or Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
OHCHR: Rupert Colville, +41 22 917 97 67, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
UNHCR: Cecile Pouilly, + 41 79 108 26 25, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
WHO: Tarik Jašarević, +41 793 676 214, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.