International Organization for Migration

Дафтари СБМ
дар Тоҷикистон

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон баргаштанд

Барои дувумин бор танҳо дар моҳи сентябр, Созмони байналмилалии муҳоҷират – Оҷонси муҳоҷирати Созмони Милал (СБМ) дар ҳамкории наздик бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозгашти наздик ба 300 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон дармонда буданд, мусоидат намуданд.

Гурӯҳи нави муҳоҷирони тоҷик, ки дар гузаргоҳи марзии Жибек Жоли дармонда буданд, 17-уми сентябр, баргаштанд. Ин ибтикорро Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон ва Узбекистон ҳамоҳанг намуд ва онро намояндагиҳои СБМ дар ҳар се ҷумҳурӣ созмон доданд. Ин амалиёти интиқол бо ёрии молии Подшоҳии Норвегия сурат гирифт. 

Аз оғози маҳдудиятҳои марбут ба бемории фарогир, Созмони байналмилалии муҳоҷират ба бозгашти наздик ба 2500 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон тавассути Узбекистон ба ватан мусоидат кардааст. Дар ин миён, занону кӯдакон, муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯён низ ҳастанд, ки дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон бо умеди идомаи роҳ ба Тоҷикистон ҷамъ омада буданд. 

Барои маълумоти бештар доир ба бозгашти муҳоҷирон бо СБМ Тоҷикистон тамос бигиред. Шумораи тел.: (+992 48) 701-02-02 / 701-11-22, Имейл: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  

Барои маълумоти бештар доир ба муҳоҷирони дармонда ва ҳимояи онҳо дар даврони Ковид-19 аз ин сафҳа дидан намоед:  https://www.iom.int/Issuebriefs 

International Organization for Migration - Mission in Tajikistan

734013, кучаи Азизбеков 22а, Гузаргоҳи дуюм, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел.: (+992 48) 701 0202, 701 0303, 701 0222
Факс.: (+992 37) 251 0062
Почтаи электрони: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.